Аҳолии Бадахшонро ройгон ташхису табобат мекунанд

Субҳи имрӯз, 7-уми ноябр, корвони саломатӣ, иборат аз 46 нафар духтуру мутахасиси соҳаи тиб барои табобату ташхиси ройгон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) рафтаанд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад Манбаъ гуфт, корвони саломатӣ бевосита бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири […]

Субҳи имрӯз, 7-уми ноябр, корвони саломатӣ, иборат аз 46 нафар духтуру мутахасиси соҳаи тиб барои табобату ташхиси ройгон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) рафтаанд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад

Манбаъ гуфт, корвони саломатӣ бевосита бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шаҳру навоҳии ВМКБ сафар кард.

Гурӯҳи кориро Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар корвони саломатӣ мутахасиссони тамоми бахшҳои соҳа ҳастанд ва ба гурӯҳҳои алоҳида тақсимот шуда, ба тамоми сокинони вилоят, то 11 уми ноябр хидматрасониҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла ташхис, муоина ва табобати ройгонро дар доираи ин корвони саломатӣ ба роҳ мемонанд.

Сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда аз хадамоти мазкур истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта ҳам корвони саломатӣ дар дигар шаҳру навоҳии кишвар сафар карда, ба аҳолӣ тариқи ройгон хидмат мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.