Ба милитсия бовар доред? Натиҷаҳои назарпурсӣ

Сокинони Сингапур, Тоҷикистон ва Норвегия мақомоти милитсияи худро беҳтарин дар ҷаҳон арзёбӣ намуда, аҳолии Серра-Леоне, Конго, Венесуэла, Габон ва Афғонистон аз ҳама бештар нисбати милитсияи кишварҳои худ арзу шикоят доранд, хабар медиҳад РИА Новости. Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти ҳамасолаи «Индекс закона и порядка» (Шохиси қонун ва тартибот)-и Пажуҳишгоҳи Гэллап Русия зинаи 71-умро ишғол кардааст. Ин нишондиҳандаҳо […]

Сокинони Сингапур, Тоҷикистон ва Норвегия мақомоти милитсияи худро беҳтарин дар ҷаҳон арзёбӣ намуда, аҳолии Серра-Леоне, Конго, Венесуэла, Габон ва Афғонистон аз ҳама бештар нисбати милитсияи кишварҳои худ арзу шикоят доранд, хабар медиҳад РИА Новости.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти ҳамасолаи «Индекс закона и порядка» (Шохиси қонун ва тартибот)-и Пажуҳишгоҳи Гэллап Русия зинаи 71-умро ишғол кардааст. Ин нишондиҳандаҳо аз рӯи натиҷаҳои назарпурсии ҳудуди 127 ҳазор нафар дар зиёда аз 120 кишвари саросари дунё ба даст оварда шудаанд.

Мувофиқи ин назарпурсӣ, зинаҳои аввалро дар ин радабандӣ (рейтинг) бо кори беҳтарини мақомоти пулис Сингапур, Тоҷикистон, Норвегия, Швейтсария ва Индонезия ишғол кардаанд.

Дар робита ба ҷашни Рӯзи милитсия, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар кӯчаҳои пойтахт бо саволи “Ба милитсия боварӣ доред?” миёни сокинон назарпурсӣ гузаронидем.

Посухҳо тақрибан монанд буданд. Онҳо ба милитсия боварӣ доранд. Аммо ҳолатҳое низ будаанд, ки милитсия ба онҳо кӯмак накардааст. Баъзеҳо гуфтанд, ки ба милитсия то ҳол муроҷиат накардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.