Аҳолии Бадахшонро ройгон ташхису табобат мекунанд

Date:

Субҳи имрӯз, 7-уми ноябр, корвони саломатӣ, иборат аз 46 нафар духтуру мутахасиси соҳаи тиб барои табобату ташхиси ройгон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) рафтаанд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад

Манбаъ гуфт, корвони саломатӣ бевосита бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба шаҳру навоҳии ВМКБ сафар кард.

Гурӯҳи кориро Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар корвони саломатӣ мутахасиссони тамоми бахшҳои соҳа ҳастанд ва ба гурӯҳҳои алоҳида тақсимот шуда, ба тамоми сокинони вилоят, то 11 уми ноябр хидматрасониҳои гуногуни тиббӣ, аз ҷумла ташхис, муоина ва табобати ройгонро дар доираи ин корвони саломатӣ ба роҳ мемонанд.

Сокинон метавонанд ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаи марказии ҷои зисташон муроҷиат намуда аз хадамоти мазкур истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта ҳам корвони саломатӣ дар дигар шаҳру навоҳии кишвар сафар карда, ба аҳолӣ тариқи ройгон хидмат мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...