Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон парвоз кард

Субҳи имрӯз, 9-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуд. Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст. Қаблан сухангӯи Президенти Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 9-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шуд.

Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Қаблан сухангӯи Президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ин сафар як рӯз идома мекунад ва бегоҳии имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бармегардад.

“Сарвари давлат ҳамроҳи президентони дигар кишварҳо дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ширкат мекунаду халос”, – гуфт сухангӯи Президенти Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, мулоқоти дуҷониба бо сарони давлатҳои дигар дар назар нест.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 9-уми ноябри соли 2023, дар Тошканд Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор мешавад.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон соли 1992 ҳамроҳи Афғонистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон аъзои он шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.