Фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қатъ карда шуд.
Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, созмондиҳандаи гуруҳ сокини 46-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Азизулло Абдуллоев мебошад, ки қаблан дар Русия барои даст доштан дар қаллобӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шудааст.
Ба гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша инчунин донишҷӯйи 23-сола аз Душанбе Сиёвуш Содиқов, зодаи 37-солаи Ванҷ Сорбон Сабзқадамов, сокини 37-солаи пойтахт Шамсулло Саидшарипов, омӯзгори 57-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Бӯрон Саматов, ҳамдиёри 35-солаи ӯ Мурод Хӯҷаев ва шаҳрванди 48-солаи Ӯзбекистон Азамат Тӯлаганов низ шомил будаанд.
Дар хабар зикр мегардад, ки боздоштшудагон муддати тӯлонӣ ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо машғул будаанд.
Дар ҷараёни амалиёти махсус аз афроди дар боло зикршуда ҳудуди 500 кило маводи нашъаовари арзишаш 6 млн доллар мусодира шудааст. Аз онҳо инчунин 6 мошини гаронбаҳои хориҷии нархи умумиашон 1 млн 784 ҳазор сомонӣ, хонаву бӯстонсароҳо бо арзиши умумии зиёда аз 50 млн сомонӣ низ мусодира гардидааст.
Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудагон бо моддаҳои 200 (гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд), 289 (қочоқ) ва 262 (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.