Бег Сабур барои нуқтаҳои пардохти ғайринақдӣ ваъдаи пешниҳоди интернети ройгон дод

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар интернети ройгон пешниҳод мекунад. Дар ин бора ин ниҳод дар сомонааш хабар додааст. Манбаъ гуфтааст, ин тасмим бо мақсади иҷрои фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар рӯйи даст гирифта шудааст. “Бо ин мақсад Хадамоти алоқаи назди […]

Asia-Plus

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар интернети ройгон пешниҳод мекунад. Дар ин бора ин ниҳод дар сомонааш хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, ин тасмим бо мақсади иҷрои фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар рӯйи даст гирифта шудааст.

“Бо ин мақсад Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳои дурдаст барои истифодабарандагон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва операторони алоқаи барқӣ зимни амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии интернетро ройгон пешниҳод кунад”, – гуфтааст ин ниҳод.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, ин иқдом ба нуқтаҳои қабули пардохти ғайринақдӣ рабт дорад.

“Нуқтаҳои пардохти ғайринақдӣ, ки бо постерминалҳо муҷаҳҳаз мебошанд, бо интернети бепул таъмин карда мешаванд. Ин иқдом аллакай роҳандозӣ шуда истодааст ва мо кӯшиш мекунем барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамаҷониба мусоидат кунем”, – гуфт ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Ба таъкиди ниҳоди зери роҳбарии Бег Сабур, дастрасии бидуни монеа ба интернет барои густариши раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Аммо то ҳол маълум нест, ки зери мафҳуми минтақаҳои дурдаст Хадамоти алоқаи кишвар кадом минтақаҳои кишварро дар назар дорад. Ҳамчунин, маълум нест, ки чӣ гуна ба ин нуқтаҳо интернети ройгон дастрас карда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охири солонааш аз нархи гарону сифати пасти интернет дар кишвар нигаронӣ карда, аз масъулин талаб карда буд, ки чораандешӣ кунанд.

Ин буд, ки тайи як соли охир Бег Сабур, роҳбари Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонҳо вохӯрӣ гузаронида, аз онҳо талаб мекунад, ки нарху сифати интернетро беҳтар кунанд. Вале тавре маълум мешавад, вазъ пурра қонеъкунанда нест, зеро дар ҷаласаи охир Бег Сабур гуфт, корҳои анҷомдодашуда кофӣ нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио