Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад

Рӯзҳои 21 – 22-уми ноябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия меравад. Тавре сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти Русия ва Михаил Мишустин, сарвазири Русия мулоқот хоҳад кард. Дар хусуси ҷузъиёти сафар маълумот дода намешавад, танҳо […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 21 – 22-уми ноябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия меравад.

Тавре сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти Русия ва Михаил Мишустин, сарвазири Русия мулоқот хоҳад кард.

Дар хусуси ҷузъиёти сафар маълумот дода намешавад, танҳо маълум аст, ки зимни он як қатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ва муҳим ба имзо расонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки мулоқоти охири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, қабл аз нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, баргузор шуда буд.

Сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон бошад, моҳи апрели соли 2019 сурат гирифта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио