Ҷанги лафзӣ. Эрдуғон Исроилро “давлати террористӣ” номиду Нетаняҳу ба ӯ ҷавоб дод

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия зимни як суханронии худ дар ҳамоиши ҳизбаш Исроилро “давлати террористӣ” унвон карда, гуфт, ки он қонунҳои байнулмилалиро дар навори Ғазза нақз ва ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунад. Тавре расонаи ВВС менависад, Эрдуғон гуфтааст, “Исроил дар ҳоли иҷрои стратегияи нобудии комили як шаҳр ва мардуми он аст. Ман хеле рӯшан ва […]

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия зимни як суханронии худ дар ҳамоиши ҳизбаш Исроилро “давлати террористӣ” унвон карда, гуфт, ки он қонунҳои байнулмилалиро дар навори Ғазза нақз ва ҷиноятҳои ҷангӣ содир мекунад.

Тавре расонаи ВВС менависад, Эрдуғон гуфтааст, “Исроил дар ҳоли иҷрои стратегияи нобудии комили як шаҳр ва мардуми он аст. Ман хеле рӯшан ва ошкор мегӯям, ки Исроил як давлати террористӣ аст".

Ҳамчунин, ӯ илова кардааст, ки “мо иқдомотеро анҷом хоҳем дод, то итминон ҳосил кунем, ки раҳбарони сиёсӣ ва низомии Исроил, ки мардуми мазлуми Ғаззаро ваҳшиёна ба қатл расонданд, дар Додгоҳи байналмилалӣ муҳокима хоҳанд шуд”.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар пайи ин суханронӣ Эрдуғонро муттаҳам кард, ки “аз гуруҳи террористии Ҳамос ҳимоят мекунад”.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, нахуствазири Исроил дар шабакаи Х навиштааст, “иттифоқан, нерӯҳое ҳастанд, ки аз террористҳо ҳимоят мекунанд. Якеашон Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аст, ки Исроилро давлати террористӣ номида, аммо аз гуруҳи террористии Ҳамос ҳимоят мекунад ва рустоҳои Туркияро дар дохили худи ин кишвар бамборон мекунад. Бинобар ин, ҳарфҳои онҳо барои мо арзише надорад".

Пештар аз ин, Эрдуғон чун нишони эътироз сафари барномарезишудаи худ ба Исроилро лағв карда буд.

Бояд гуфт, ки ҷанги Исроилу Фаластин 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос ба Исроил оғоз ёфт. Дар ин ҳамла 1200 нафар кушта шуда, беш аз 200 нафар асир афтоданд. Дар ҷавоб ба ин, Исроил навори Ғаззаро муҳосира ва ба мушакборон оғоз кард.

Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи 13-уми ноябр хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил то ин лаҳза 11 ҳазору 240 нафар кушта шудаанд, ки 4 ҳазору 630 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

Исроил ба даъватҳои пайвастаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид ҷиҳати ҳалли дипломатии қазия гӯш надода, ба ҷанги худ идома медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.