Пулиси Душанбе садамаи нақлиётиеро, ки боиси марги пиёдагарди ноболиғ гардид, шарҳ дод

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми ноябр тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Мерседес Спринтер”, Асадулло Ҷабборови 56 – сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Назаршоев, дар назди маркази савдои “Садбарг” фосилаи зарурии паҳлӯи тарафи ростро риоя накарда, ба тарафи чапи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи “Мерседес Спринтер”, таҳти идораи ронанда Ёқуб Ҷамилови […]

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 15-уми ноябр тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Мерседес Спринтер”, Асадулло Ҷабборови 56 – сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Назаршоев, дар назди маркази савдои “Садбарг” фосилаи зарурии паҳлӯи тарафи ростро риоя накарда, ба тарафи чапи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи “Мерседес Спринтер”, таҳти идораи ронанда Ёқуб Ҷамилови 27-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар як самт ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, Ёқуб Ҷамилов, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес Спринтер” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи мошингард баромада, ба сутуни чароғаки роҳнамо ва аломати роҳ бармехӯрад.

“Дар натиҷа, сутуни ҷароғаки роҳнамо шикаста ба болои сари пиёдагарди ноболиғ, Иброҳим Азимови 7-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки дар пайраҳаи пиёдагардон меистод, афтодааст” – шарҳ додааст манбаъ.

Ноболиғ Иброҳим Азимов бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол меёбад, аммо баъдан ба ҳалокат мерасад.

Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.