Додситонии кул гуфт, беш аз 20 ҳазор шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд

Дар давоми солҳои 2020-2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби додситонҳои Тоҷикистон баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз овардаанд. Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ин ниҳод, ки 24 ноябр […]

Asia-Plus

Дар давоми солҳои 2020-2022 ва нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби додситонҳои Тоҷикистон баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои вобаста ба замин ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз овардаанд.

Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ин ниҳод, ки 24 ноябр бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ, Вазорати корхои дохилӣ ва додситонҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо баргузор гардидааст, хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар ин давра ҳамчунин, 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ,  16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Нисбати онҳо 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони  49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҷаласа Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар барои ислоҳи камбудиҳо ва пурзӯр кардани назорати додситонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода ва қарорҳои дахлдор қабул шудааст.

Аммо дар аз қарорҳои қабулшуда мушаххасан чизе гуфта нашудааст.

Тавре коршиносон қайд мекунанд, тақсими замин дар Тоҷикистон яке аз сарчашмаҳои аслии ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо мансабдор ҳангоми гирифтани пора маҳз ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин дастгир мешаванд, аммо ин пеши роҳи амалҳои фасодкоронаро пурра гирифта наметавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.