Имрӯз дастаи “Истиқлол” бо дастаи “Ад-Дуҳайл” бозӣ мекунад

Имрӯз, 27-уми ноябри соли 2023, дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ мекунад. Бо ин мақсад, ду рӯз пеш, 25-уми ноябр футболбозони дастаи “Истиқлол” ба Қатар парвоз карданд. Бозии гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Қатар ва Тоҷикистон шоми сешанбеи 27-уми ноябр дар варзишгоҳи […]

Имрӯз, 27-уми ноябри соли 2023, дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 бо дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бозӣ мекунад.

Бо ин мақсад, ду рӯз пеш, 25-уми ноябр футболбозони дастаи “Истиқлол” ба Қатар парвоз карданд.

Бозии гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Қатар ва Тоҷикистон шоми сешанбеи 27-уми ноябр дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифаи шаҳри Давҳа доир мегардад.

Бояд гуфт, бозии даври аввал миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Ад-Дуҳайл”, ки 19-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуда буд, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо касби 12 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Персеполис”-и Эрон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дувум мебошад.

“Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар зинаи севум аст. “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бо касби як имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум – қарор дорад.

Бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад. Дар ин давр “Истиқлол”-и Душанбе бо пешсафи гурӯҳ дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки сардори он Криштиану Роналду, ситораи футболи ҷаҳон аст, дар майдони худ бозӣ мекунад.

“Персеполис”-и Эрон бошад, бо “Ад-Дуҳайл”-и Қатар дар Теҳрон бозб хоҳад кард.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.