Аҳамияти гуфтору муносибати хуби волидон бо фарзандон

Date:

Чӣ бояд кард, то оила макони меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шавад? Рафтору гуфтор ва муносибати падару модар бо фарзандон бояд чӣ гуна бошад?

Дар ин бора якчанд маводи матнӣ ва тасвирӣ омода кардем, ки аз муҳтавои он баҳравар шуда метавонед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба фарзандони худ бештар бо навозишу меҳрубонӣ бигӯед, ки онҳоро дӯст медоред. Ба ҳаёти кӯдакон ва машғулияту дастовардҳои онҳо таваҷҷуҳ кунед. Фарзандони худро барои пешравӣ ситоиш намоед. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои фарзандони худ намуна бошед, зеро онҳо ба шумо тақлид мекунанд. Фурӯ нишондани хашмро ёд гиред, зеро он бузургтарин мушкил барои муносибати инсон аст. Агар падару модар бо ҳам сахт гап зананд ва дашном диҳанд, фарзандон на фақат бо аҳли хона, балки бо ҳамсолон низ ҳамин тавр муомила мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шахсият ва дидгоҳи фарзандонро эҳтиром намоед. Андешаи фарзанди худро оид ба ҳамаи корҳое, ки ба оилаи шумо дахл доранд, бипурсед.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои фарзандони худ вақт ҷудо намоед. Агар шумо ҳамроҳ бихонед, расм кашед ва бозӣ кунед, онҳо инкишоф меёбанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин мавод бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нури рӯшноӣ” таҳия шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...