Бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” мусовӣ анҷом ёфт

Date:

Бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Ал-Наср”-и шаҳри Риёз (Арабистони Саудӣ) рӯзи 5 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки мухлисон онро хеле интизорӣ доштанд, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт.

Тӯби аввалро футболбози тими “Истиқлол” Алишер Ҷалилов дар қисми аввали вохӯрӣ ба ҳадаф расонида, сипас дар аввали қисми дуюм ҳамлагари дастаи “Ан-Наср” Абдураҳмон Ғариб ҳисобро баробар кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз анҷоми вохӯриҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаи “Истиқлол” аз ҳаққи идомаи рақобат дар марҳилаҳои минбаъдаи мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё маҳрум шуда, “Ан-Наср” ба даври дигар роҳ ёфт.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯриро сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе дар экрани калоне, ки назди Театри опера ва балет гузошта шуда буд, низ тамошо карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мухлисони сершумори футболи Тоҷикистон иштироки ситораи футболи ҷаҳон – Криштиану Роналдуро дар ин бозӣ беқаророна интизорӣ доштанд, лекин ин футболбози маъруф ба Душанбе наомад.

Пеш аз бозӣ бошгоҳи “Истиқлол” бо такя ба маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” хабар дод, ки Криштиану дар дидор бо “Персеполис”-и Эрон ҷароҳат бардошта ва то ба ҳол шифо наёфтааст.

Ба иттилои телевизиони “Варзиш” пас аз ҷароҳате, ки Роналду муқобили “Персеполис”-и Теҳрон гирифт, ҳоло пурра саломатиашро барқарор накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...