Ноиби президенти БРО вориди Тоҷикистон шуд

            Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ноиби президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жао бо боздиди расмии дурӯза вориди Тоҷикистон гашт. Ин дақиқаҳо ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид мекунад.             Тавре аз намояндагии БРО дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи бонк маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ноиби президенти Бонки рушди Осиё Шиаою Жао бо боздиди расмии дурӯза вориди Тоҷикистон гашт. Ин дақиқаҳо ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид мекунад.





           

Тавре аз намояндагии БРО дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи бонк маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла рафти амалисозии лоиҳаҳо оид ба таҷдиди дастгоҳи кушоди барқтақсимкуни 500 кВ дар нерӯгоҳи Норак ва таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе – марзи Қирғизистон, ки аз ҷониби Бонки рушди Осиё маблағгузорӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, зимни сафари дурӯза ноиби президенти бонк ҳамчунин бо роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти расмии ҳукумат ва шарикони бонк низ мулоқот мекунад. Дар дидору гуфтушунидҳо ба масъалаҳои беҳбуди зерсохтори бахшҳои иқтисод, фароҳам сохтани шароити мусоид барои тиҷорату сармоягузорӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. «Ноиби президенти бонк инчунин аз макони татбиқи лоиҳаҳои сохтмон низ боздид хоҳад кард», – гуфт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки Шиаою Жао ният дорад, дар чорабинии ҷашни 10-умин солгарди ба роҳ мондани муносибатҳои шарикӣ миёни БРО ва Тоҷикистон ширкат варзад.




Маълумотнома:

Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд. Соли 2008 Бонки рушди Осиё ба маблағи умумии 10,5 млрд. доллари амрикоӣ пешиҳоди қарзҳо, ба маблағи 811,4 млн. доллари амрикоӣ додани бурсҳо ва ба маблағи 274,5 млн. доллари амрикоӣ расонидани кӯмаки техникиро маъқул шуморид.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.