Телевизиони “Сафина” радиои худро боз мекунад

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҳадаф дорад, ки дар оянда шабакаи радиои «Сафина»-ро ифтитоҳ намоянд. Ин нукта зимни ифтитоҳи бинои нави телевизони “Сафина”  бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баён шуд. Роҳбарияти муассиса гуфтаанд, ки бо таъсиси радиои нав барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтиро ба  шунавандагон пешниҳод менамоянд. Ёдовар […]

Asia-Plus

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҳадаф дорад, ки дар оянда шабакаи радиои «Сафина»-ро ифтитоҳ намоянд. Ин нукта зимни ифтитоҳи бинои нави телевизони “Сафина”  бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе баён шуд.

Роҳбарияти муассиса гуфтаанд, ки бо таъсиси радиои нав барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтиро ба  шунавандагон пешниҳод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бинои нави телевизиони "Сафина" мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои қаблии ин телевизион, ки дар ҷои кинотерти куҳна дар кучаи Бухорои шаҳри Душанбе сохта шуда буд, эҳтимол тахриб ва ба ҷои он бинои нав сохта шавад.

Телевизиони "Сафина" соли 2005 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, пахши барномаҳои он аз 3 сентябри соли 2005 оғоз ёфт. Самти асосии фаъолияти ин телевизион фарҳангӣ ва фароғатӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст