Дар Таймс-сквери Ню-Йорк навори имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Date:

Дар Таймс-сквери маъруф дар маркази шаҳри Ню-Йорк наворҳои таблиғӣ (рекламавӣ) дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуданд, ки таваҷҷуҳи бисёре аз сокинон ва меҳмонони шаҳрро ҷалб карданд.

Дар муддати 24 соат дар лавҳаи бузургтарини Таймс-сквер дар Ню-Йорк наворҳои видео дар бораи имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари ширкати сайёҳии “Диёр Трэвел” Умедшоҳ Саидов хабар дод.

“Иқдоми мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. Наворҳо (роликҳо) рӯзи 12 декабр ҳар 9-ум дақиқаи соат дар муддати 24 соат намоиш дода шуданд. Наворҳои касбӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии ВВС дар остонаи ҷашни солгарди истиқлолияти Тоҷикистон таҳия шуда буданд”, – изҳор дошт Саидов.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қобили зикр аст, ки Таймс-сквер яке аз ҷойҳои сертамошобини сайёҳон дар ҷаҳон ба шумор рафта, ҳар сол ҳудуди 50 млн нафар аз он боздид мекунанд. Майдонро «чорроҳаи ҷаҳон» меноманд ва ҳамарӯза аз он беш аз 300 ҳазор пиёдагардон ва 115 ҳазор ронандаву мусофир мегузаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...