Дар Маркази миллии тестӣ барои таҳсили ғоибона беш аз 1 ҳазору 100 кас номнавис шудаанд

Дар давраи чоруми бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ (ММТ), барои онҳое, ки ғоибона таҳсил мекунанд, 1132 нафар номнавис шудаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ММТ хабар доданд. Манбаъ гуфт, онҳо давоми 1 моҳ – аз 9-уми ноябр то 9-уми декабр номнавис шуданд ва дар имтиҳоноти қабул, ки дирӯз, 17-уми декабр ҷамъбаст шуд, аксаран […]

Asia-Plus

Дар давраи чоруми бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ (ММТ), барои онҳое, ки ғоибона таҳсил мекунанд, 1132 нафар номнавис шудаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ММТ хабар доданд.

Манбаъ гуфт, онҳо давоми 1 моҳ – аз 9-уми ноябр то 9-уми декабр номнавис шуданд ва дар имтиҳоноти қабул, ки дирӯз, 17-уми декабр ҷамъбаст шуд, аксаран ширкат карданд.

“Эълони натиҷаи даври чоруми имтиҳонҳо 22-уми декабр ва натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи он 24 декабр ба нақша гирифта шудааст”, – гуфтанд аз ММТ.

Ёдовар мешавем, ки соли равон бори аввал даври чоруми бақайдгирии довталабон барои муҳассили бахши ғоибона дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Барои бақайдгирӣ дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил гардид.

Дар даври чоруми бақайдгирӣ ба довталабон ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи шакли ғоибонаи таҳсил пешниҳод шуд.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир нақшаи қабули донишҷӯён дар кишвар иҷро намешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро гардид.

Баъди ин, ММТ моҳи август даври дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябр даври комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд. Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд.

Роҳбарият ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст