Аз заминларза дар Чин зиёда аз 110 нафар ҳалок шуданд

Бар асари заминларзае, ки рӯзи душанбе дар қисмати шимолу ғарби Чин ба амал омад, дастикам 111 нафар ҳалок шуда, боз 220 каси дигар осеб диданд, хабар медиҳад ВВС бо истинод ба расонаҳои давлатии Чин. Заминларза дар музофоти Гансу қарибиҳои нимашаб рух дода, дар натиҷа хонаву иншооти зерсохтор дар музофоти Гансу ва ҳамчунин музофоти ҳамсояи Синхай […]

Asia-Plus

Бар асари заминларзае, ки рӯзи душанбе дар қисмати шимолу ғарби Чин ба амал омад, дастикам 111 нафар ҳалок шуда, боз 220 каси дигар осеб диданд, хабар медиҳад ВВС бо истинод ба расонаҳои давлатии Чин.

Заминларза дар музофоти Гансу қарибиҳои нимашаб рух дода, дар натиҷа хонаву иншооти зерсохтор дар музофоти Гансу ва ҳамчунин музофоти ҳамсояи Синхай осеб дидаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), қувваи заминҷунбӣ 5,9 балл ва умқи он дар марказаш – 10 км-ро ташкил додааст.

Хабаргузории давлатии Синхуа иттилоъ медиҳад, ки дар музофоти Гансу 100 нафар ҳалоку 96 нафар осеб дида, дар музофоти Синхай боз 11 нафар ҳалок шуда, 124 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳудуди 1,5 ҳазор нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ ва наҷотдиҳандагон ба минтақаи офати табиӣ сафарбар карда шудаанд.

Дар наворҳо аз минтақаи заминларза дида мешавад, ки наҷотдиҳандагон аз миёни харобаҳои биноҳои фурӯрафта ва ҳуҷраҳое, ки шифташон қисман фурӯ рафтаанд, роҳ меёбанд.

Дар баъзе минтақаҳо ба кори сохторҳои таъминот бо об ва неруи барқ монеъа эҷод шудааст.

Раиси Чин Си Ҷинпин изҳор доштааст, ки “барои баргузории корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ, табобати саривақтии маҷруҳон ва то ҳадди камтарин расонидани теъдоди қурбониён тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд”.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта бар асари заминларзаи қуввааш 6,6 балл дар музофоти Сичуан дар қисмати ҷанубу ғарби Чин зиёда аз 60 нафар ҳалок шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио