Соли 2023 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон қариб ба сатҳи пасти рекордӣ расид

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 сарфи назар аз болоравии назарраси арзиши молу маҳсулот дар ҷаҳон, ҳамагӣ 3,8%-ро ташкил дод, изҳор дошт имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон. Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии кишвар сатҳи пассттар аз ин танҳо соли 2013 (3,7%) ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, сатҳи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 сарфи назар аз болоравии назарраси арзиши молу маҳсулот дар ҷаҳон, ҳамагӣ 3,8%-ро ташкил дод, изҳор дошт имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон.

Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии кишвар сатҳи пассттар аз ин танҳо соли 2013 (3,7%) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, сатҳи пасти таваррум давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ба поинравии нарх ба гурӯҳи маҳсулоте чун маснуоти нонӣ ва ярма, равған ва чарбу, сабзавот, қанд (шакар) ва маснуоти қаннодӣ, моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ, маҳсулоти ширӣ ва тухм вобаста аст.

Агентии омори кишвар соли дуюм аст, ки дар бораи сатҳи бесобиқа пасти таваррум дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2022 нарху тарифҳо ба андозаи 4,2% боло рафта буданд.

Мизони ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар кишварҳое, ки Тоҷикистон асосан аз онҳо молу маҳсулот ворид мекунад, нисбат ба Тоҷикистон хеле баландтар аст.

Тибқи маълумоти расмӣ, ба ин тариқ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 3,4%, Қазоқистон – 10,3%, Русия – 8,0% ва Ӯзбекистон – 7,4%-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.