14 медали варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба каратэ

Date:

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ 14 медал – 2 тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи қитъавӣ аз ҷониби Конфедератсияи ҷаҳонии каратэ (WKC) дар шаҳри Тарази Қазоқистон миёни ҷавонон, калонсолон ва собиқадорон баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки ҳама бо медалҳо ба Душанбе баргаштанд.

Рустам Файзиддинов дар сабқати инфиродӣ медали тилло ва дар сабқати даставӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овард.

Абдулло Гулов дар мусобиқаи ҷавонон боз як медали тилло гирифт.

Шаш варзишгари дигари тоҷик бо ҳафт медали нуқра ва се медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар умум, дар мусобиқа зиёда аз 500 нафар варзишгар аз 7 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Ӯзбекистон, инчунин аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Уммон иштирок карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...