14 медали варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба каратэ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ 14 медал – 2 тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд. Ин мусобиқаи қитъавӣ аз ҷониби Конфедератсияи ҷаҳонии каратэ (WKC) дар шаҳри Тарази Қазоқистон миёни ҷавонон, калонсолон ва собиқадорон баргузор шуд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки ҳама бо медалҳо ба […]

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ 14 медал – 2 тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ин мусобиқаи қитъавӣ аз ҷониби Конфедератсияи ҷаҳонии каратэ (WKC) дар шаҳри Тарази Қазоқистон миёни ҷавонон, калонсолон ва собиқадорон баргузор шуд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон ҳашт варзишгар шомил буд, ки ҳама бо медалҳо ба Душанбе баргаштанд.

Рустам Файзиддинов дар сабқати инфиродӣ медали тилло ва дар сабқати даставӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овард.

Абдулло Гулов дар мусобиқаи ҷавонон боз як медали тилло гирифт.

Шаш варзишгари дигари тоҷик бо ҳафт медали нуқра ва се медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар умум, дар мусобиқа зиёда аз 500 нафар варзишгар аз 7 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Ӯзбекистон, инчунин аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Уммон иштирок карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.