Тоҷикистон ба Низоми иҷозати кори Корея ворид шуд

Тоҷикистон ба Низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шуд, вале то ба ҳол мактуби расмии он дастрас нашудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, аввали моҳи декабри соли 2023 намояндагони ниҳодҳои гуногуни Корея ба Душанбе омада, ин масъаларо баррасӣ карданд ва бо шароити […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон ба Низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шуд, вале то ба ҳол мактуби расмии он дастрас нашудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, аввали моҳи декабри соли 2023 намояндагони ниҳодҳои гуногуни Корея ба Душанбе омада, ин масъаларо баррасӣ карданд ва бо шароити кишвари мо ошно гардиданд.

“Корея ахиран дар қатори 17 давлати дигар Тоҷикистонро ба Низоми иҷозати кори кишвараш ворид кард. Ҳуҷҷатгузориҳои лозима тартиб дода шудаанд ва ба ду ҷониб дастрас гардидаанд. Аммо то имрӯз мактуби расмии Низоми иҷозати кори Корея ба мо дастрас нагардидааст”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Манбаъи мо афзуд, интизор меравад, ки то нимаи дуюми моҳи январ мактуби расмии Корея дастраси масъулини Душанбе шавад.

Низоми иҷозати кори Корея имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар раванд.

Қаблан аз ин вазорат ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, пас аз ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартнома дар Корея бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.

Ҳоло дар назди Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дарси забони кореяӣ меомӯзонанд.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.