Имзои қарордод бо Вазорати дифоъ ё қарори ихроҷ аз Русия. Расонаҳо аз боздошти ҳазорон муҳоҷир дар Санкт-Петербург хабар медиҳанд

Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия шоми 31-уми декабр ва шаби 1-уми январ ба таври оммавӣ муҳоҷиронро боздошт кардааст. Дар ин бора “Новая газета Европа” бо истинод ба як манбаъ дар Маркази “Э”-и Санкт-Петербург хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, боздоштҳо дар доираи амалиёте бо номи “Азамат” сурат гирифтааст. Тавре ки Медуза менависад, муҳоҷиронро дар кӯчаву манзилу хобгоҳҳояшон […]

Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия шоми 31-уми декабр ва шаби 1-уми январ ба таври оммавӣ муҳоҷиронро боздошт кардааст. Дар ин бора “Новая газета Европа” бо истинод ба як манбаъ дар Маркази “Э”-и Санкт-Петербург хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, боздоштҳо дар доираи амалиёте бо номи “Азамат” сурат гирифтааст. Тавре ки Медуза менависад, муҳоҷиронро дар кӯчаву манзилу хобгоҳҳояшон боздошт кардаанд.

Ҳангоми баргузории амалиёт кормандони пулис мавзеъҳои баргузории рейдро муҳосира кардаанд. Нашрия менависад, кормандони пулис як гурӯҳи тарибан аз 30 нафар иборатро боздошт кардаанд, ки гӯё бо либоси Бобои Барфӣ ва Барфак аз ин муҳосира гузаштанӣ будаанд.

Бино ба маълумоти нашрияи “Фонтанка”-и Петербург, кормандони пулис ҳудуди 3 ҳзор нафарро боздошт кардаанд.

"Новая газета Европа" менависад, боздоштшудагон “хеле зиёданд”: ҳамроҳи мардон занону кӯдакон низ боздошт шудаанд. Мардони боздоштшударо ба шуъбаҳои пулис ва занону кӯдаконро ба қабулгоҳи махсус дар Красное Село бурдаанд.

Ба иттилои ин расона, субҳи рӯзи 1-уми январ намояндагони комиссаритаҳои ҳарбӣ назди бисёре аз боздоштшудагон омада, ба онҳо пешниҳод кардаанд, ки худро ба сифати “ихтиёрӣ” ба артиш номнавис кунанд.

Ба одамон таҳдид кардаанд, ки оилаҳояшонро аз Русия ихроҷ мекунанд.

Нашрия менависад, ба касоне, ки шаҳрвандии Русияро надоштаанд, пешниҳод намудаанд, ки метавонанд онро бо тартиби содашуда дастрас кунанд. Яъне, тавассути бастани шартнома бо Вазорати дифои ин кишвар ва иштирок дар ҷанги Русия дар Украина.

Ба иттилои манбаъ, на камтар аз 1,5 ҳазор нафар ба имзои қарордод бо Вазорати мудофиаи Русия розӣ шудаанд, ҳарчанд ин маълумотро мақомоти ин кишвар тасдиқ накардаанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Санкт-Петербург хабар медиҳад, рӯзи 1-уми январ додгоҳҳои ноҳиявӣ 31 санади маъмуриро дар бораи нақзи қонунгузории муҳоҷират баррасӣ карда, нисбати 27 нафар қарори ҷарима ва ихроҷ аз Русия содир кардааст. 2 нафарро танҳо ҷарима ва 2 нафарро раҳо кардааст.

Рӯзи 2-юми январ додгоҳҳо санадҳои нисбати 13 нафар тартибдодашударо баррасӣ карда, нисбати ҳамаи онҳо қарори ҷарима ва ихроҷ аз Русия содир кардаанд. Дар ин бора “Фонтанка” бо истинод ба хадамоти матбуоти муттаҳидаи судҳои Санкт-Петербург хабар медиҳад.

Кӯшиши "Азия-Плюс" барои дастрас кардани шарҳи Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба боздоштҳои охир бесамар анҷомид. Худи ин ниҳод ҳам то кунун расман изҳороте интишор накардааст. 

Моҳҳои ахир мақомоти Русия ҳарчи бештар ба зодагони Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд, ки ба ивази имзои қарордод бо Вазорати мудофиа бо тартиби соддашуда шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд. Ғайр аз ин, мақомоти пулис дар ҷараёни рейдҳо муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русияро боздошт карда, ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебарад.

Моҳи ноябри соли 2023 сардори Сарраёсати ВКД оид ба масоили муҳоҷират Валентина Казакова хабар дода буд, ки дар Русия 6,4 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур дошта, аксарияти онҳо бо мақсади кор ба ин кишвар омадаанд. Аз нигоҳи вуруди муҳоҷирон ба Русия Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон пешсафанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.