Муҳоҷирати корӣ ба Корея. Роҳ боз мешавад?

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шавад. Дар сурати ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея раванд. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, барои баррасии ин мавзӯъ намояндагони Корея ба Душанбе омадаанд. […]

Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба низоми иҷозати кор (EPS)-и Корея ворид шавад. Дар сурати ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея раванд.

Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, барои баррасии ин мавзӯъ намояндагони Корея ба Душанбе омадаанд.

“Ҳоло ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор дар Корея корбарӣ идома дорад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ афзуд, пас аз ворид шудан ба ин низом шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси шартнома дар Корея бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.

Манбаъ таъкид кард, ки ҳоло дар назди Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аслии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар дарси забони кареяӣ меомӯзонанд.

Ҳоло бо ин мақсад намояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷӣ, хадамоти рушди захираҳои инсонӣ ва хадамоти иттилоотии шуғли Корея вориди Душанбе шудаанд.

Додори ҳайати Корея бо ҳамтоёнашон дар Тоҷикистон то 8-уми декабр идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.