Нахустин тағйироти кадрӣ дар соли 2024. Барканории як сафир ва таъини ду муовини вазир

Date:

Эмомомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрии аввалини худро дар соли 2024 шуруъ кард. Ӯ бо имзои як фармон ва ду қарор як сафирро аз вазифа озод ва муовини аввал ва як дипломатӣ дигарро муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки Насредин Исматулло аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш озод ва бо қарори ҳукумат муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид.

Сабаб барканории ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки ба курсии сафири Тоҷикистон дар Покистон ва Бангладеш кӣ таъин шудааст.

Ҳамин тариқ, Фаррух Шарифзода, ки моҳи майи соли гузашта аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод шуда буд, бо қарори нави ҳукумат муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Моҳи майи соли 2023 ба ҷои ӯ, Вафо Ниятбекзода, ки то он замон сардори яке аз Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд.

Он замон сабаби барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар гуфта мешуд.

Бояд гуфт, ки курсии муовини аввал ва муовини вазири корҳои хориҷӣ моҳи майи соли 2023 холӣ шуда буд. Замоне ки Музафар Ҳусейнзода ва Шараф Шерализода, ду муовини вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон аз вазифа озод ва бо фармони дигар, Музафар Ҳусейнзода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Шараф Шерализода сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин гардидаанд.

Ҳоло ба ғайр аз ду муовини нав, Содиқ Имомӣ, ки то моҳи апрели соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон кор карда буд ва Фарҳоди Салим, (аз 27 апрели соли 2021) сафири собиқи Тоҷикистон дар ИМА ва писари собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев муовинони вазири корҳои хориҷӣ мебошанд.

Ҳамасола дар оғози сол, Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ мегузаронад. Бархе мансабдорон аз як вазифа озод ва бо фармони дигар ба мансаби нав таъин мешаванд. Ин раванд дар расонаҳо бо номи “дилзанак” маъмул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...