Нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафт

Дар шаҳри Душанбе аз 1-уми январи соли 2024 нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафт. Аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки акнун волидон барои нигоҳубини кӯдаконашон дар боғча ба ҷойи 136 сомонӣ 144 сомонӣ пардохт хоҳанд кард. Ба гуфтаи манбаъ, афзоиши нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои Душанбе ба зиёд шудани […]

Дар шаҳри Душанбе аз 1-уми январи соли 2024 нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ боло рафт. Аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки акнун волидон барои нигоҳубини кӯдаконашон дар боғча ба ҷойи 136 сомонӣ 144 сомонӣ пардохт хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, афзоиши нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои Душанбе ба зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста аст. Қаблан 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буд ва аз 1-уми январи соли 2024 он 72 сомонӣ муқаррар гардид.

Нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ дар шаҳрҳои калони кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 144 сомонӣ муайян гардидааст.

Бо назардошти афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо эҳтимол аст, ки нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатии саросари кишвар боло равад.

Ҳоло дар навоҳии кӯҳӣ ва дурдаст нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023 ин маблағ 102 сомониро ташкил медод ва тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2024 он 108 сомонӣ хоҳад шуд.

Ба қавли як манбаъ аз Вазорати маориф ва илм, тибқи қарори махсуси ҳукумати кишвар мақомоти шаҳру навоҳии дурдаст ва кӯҳӣ метавонанд бо назардошти шароити навоҳии худ нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатиро каму беш кунанд.

Маблағи нигоҳубини кӯдак дар боғча бояд тариқи Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” пардохт ва расид ба маъмурияти боғча пешниҳод гардад.

Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзоиши нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ нигаронӣ карда, гуфтаанд, “бештар аз нархи муқараршуда маблағ медиҳанд”.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар сурати талаби маблағҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳои пойтахт ба телефони боварии ин муассиса – 221-30-92 муроҷиат кунанд ва ё ба суроғаи [email protected] нома нависанд.

“Агар исбот шавад, ки онҳо пули иловагӣ талаб мекунанд, кормандони кӯдакистонҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҷозот хоҳанд шуд”, – зикр мегардад дар эълони ин ниҳод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.