Нахустин тағйироти кадрӣ дар соли 2024. Барканории як сафир ва таъини ду муовини вазир

Эмомомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрии аввалини худро дар соли 2024 шуруъ кард. Ӯ бо имзои як фармон ва ду қарор як сафирро аз вазифа озод ва муовини аввал ва як дипломатӣ дигарро муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ навишт, ки Насредин Исматулло аз вазифаи сафири […]

Эмомомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрии аввалини худро дар соли 2024 шуруъ кард. Ӯ бо имзои як фармон ва ду қарор як сафирро аз вазифа озод ва муовини аввал ва як дипломатӣ дигарро муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ навишт, ки Насредин Исматулло аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳамзамон дар Ҷумҳурии Халқии Бангладеш озод ва бо қарори ҳукумат муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид.

Сабаб барканории ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки ба курсии сафири Тоҷикистон дар Покистон ва Бангладеш кӣ таъин шудааст.

Ҳамин тариқ, Фаррух Шарифзода, ки моҳи майи соли гузашта аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод шуда буд, бо қарори нави ҳукумат муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Моҳи майи соли 2023 ба ҷои ӯ, Вафо Ниятбекзода, ки то он замон сардори яке аз Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд.

Он замон сабаби барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар гуфта мешуд.

Бояд гуфт, ки курсии муовини аввал ва муовини вазири корҳои хориҷӣ моҳи майи соли 2023 холӣ шуда буд. Замоне ки Музафар Ҳусейнзода ва Шараф Шерализода, ду муовини вазири корҳои хорҷии Тоҷикистон аз вазифа озод ва бо фармони дигар, Музафар Ҳусейнзода сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Шараф Шерализода сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъин гардидаанд.

Ҳоло ба ғайр аз ду муовини нав, Содиқ Имомӣ, ки то моҳи апрели соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбакистон кор карда буд ва Фарҳоди Салим, (аз 27 апрели соли 2021) сафири собиқи Тоҷикистон дар ИМА ва писари собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев муовинони вазири корҳои хориҷӣ мебошанд.

Ҳамасола дар оғози сол, Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ мегузаронад. Бархе мансабдорон аз як вазифа озод ва бо фармони дигар ба мансаби нав таъин мешаванд. Ин раванд дар расонаҳо бо номи “дилзанак” маъмул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.