Маош, нафақа ва стипендия зиёд шуд. Кӣ чанд пул мегирад?

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январ Фармон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо”-ро таҳти №671 имзо кард.

Қаблан, 28-уми январ, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паёми худ ба парлумони кишвар дар бораи зиёд кардани маошу нафақаву стипендияҳо дастур дода буд.

Маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Тибқи фармони зикршуда, аз 1-уми январи соли 2024 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шуд.

Вобаста ба ин, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Маоши ҳадди ақал

Тибқи ин фармони раиси ҷумҳур ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2024 ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Маоши кормандони давлатӣ, бахши маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳамчунин, аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Вобаста ба ин, аз 1-уми июли соли 2024 андозаи маоши заминавии хизматчиёни маъмурии хизмати давлатӣ барои мансабҳои категорияи олӣ 1120 сомонӣ, барои мансабҳои категорияҳои якум, дуюм, сеюм, чорум 1045 сомонӣ ва барои мансабҳои категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтум 1160 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Инчунин, андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба 620 сомонӣ баробар карда шуд.

Стипендия

Аз 1-уми июли соли 2024 стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо аз 1-уми июли соли 2024 дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда мешаванд.

Маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...