Вазири корҳои хориҷии Туркия ба Тоҷикистон омад

Дирӯз, 9-уми январи соли 2024, Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе гардид. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ҳакан Фиданро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифт. Ба иттилои вазорати хориҷаи Туркия, Ҳакан Фидан бо даъвати Сироҷиддин […]

Asia-Plus

Дирӯз, 9-уми январи соли 2024, Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия, барои анҷоми сафари расмӣ вориди Душанбе гардид. Дар ин бора сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳакан Фиданро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Ба иттилои вазорати хориҷаи Туркия, Ҳакан Фидан бо даъвати Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон омадааст.

“Дар ин дидорҳо равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмиллалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд”, – навиштааст ВКХ-и Туркия.

Бояз зикр кард, ки Ҳакан Фидан рӯзҳои 8-9-уми январ дар Қирғизистон буд.

Ба гузориши “Анадолу”, вай дар он ҷо бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев музокира анҷом дода ва ҳамчунин бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.

“Раҳбари вазорати корҳои хориҷии Туркия гуфт, Анқара аз созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ истиқбол мекунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон чунин як тавофуқ ҳосил шавад”, – менависад Анадолу.

Дар мулоқот бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон сафари расмии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба Қирғизистон ва иштироки ӯ дар нишасти Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи баланд, ки дар Бишкек баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.