Ба зани нобино аз Шаҳритус кумак карданд, лекин мушкилоти ӯ то ҳол ҳал нашудааст

Қаблан хабаргузории “Азия-Плюс” аз рӯзгори зани нобино Гулноза Юлдошева, ки сарфи назар аз хешовандони зиёд доштанаш, яккаву танҳо зиндагӣ мекунаду ба кумак ниёз дорад, мавод чоп карда буд. Аз чопи мавод як моҳ гузашта, мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки оё ҳаёти ӯ пас аз нашри мавод тағйир ёфтааст ё не. Зан бо нафақаи ночизи маъюбиаш […]

Анна Мифтахова, Asia-Plus

Қаблан хабаргузории “Азия-Плюс” аз рӯзгори зани нобино Гулноза Юлдошева, ки сарфи назар аз хешовандони зиёд доштанаш, яккаву танҳо зиндагӣ мекунаду ба кумак ниёз дорад, мавод чоп карда буд.

Аз чопи мавод як моҳ гузашта, мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки оё ҳаёти ӯ пас аз нашри мавод тағйир ёфтааст ё не.

Зан бо нафақаи ночизи маъюбиаш зиндагӣ дошта, баъзан либос дӯхта мефурӯшад. Лекин ба туфайли чопи мавод шахсони хайрхоҳ аллакай ба ӯ зиёда аз 4 ҳазор сомонӣ фиристодаанд. Ин пулҳоро ӯ ҷамъ карда, мехоҳад, ки ҳуҷҷатҳои манзилашро дуруст кунад, зеро пеш барои ин маблағ надошт.

“Ташаккури зиёд ба шахсони меҳрубону хайрхоҳ, ки ба ман пул равон карданд ва ба фиристодани он идома медиҳанд. Ин ба мисли муъҷизаи солинавӣ аст! – мегӯяд Гулноза Юлдошева. – Онҳоро ҷамъ карда истодаам ва агар муяссар шавад, ки ҳуҷҷатҳоро дуруст карда, қитъаи заминамро фурӯшам, ба ивази он дар Душанбе як хонаи якҳуҷрагӣ харидан мехоҳам. Лекин ин ҳоло танҳо орзу аст, намедонам муяссар мешавад ё не. Агар муяссар нашавад, тобистон ҳамом месозам”.

Қитъаи заминро аз як қисмати хонаи оила ба ӯ падараш ҷудо кардааст.

Гулнозаи нобино яккаву танҳо зиндагӣ дорад. Ҳама кор – рӯбучини хонаву ҳавлӣ, зарфшӯйӣ ва дигар корҳои рӯзгорро худаш мекунад. Манзили ӯ ба таъмир ва таҷҳизоти гармкунӣ ниёз дорад, сохтмони ҳаммом нотамом мондааст ва ӯ дигар ягон ҷойи шустушӯ надорад.

Дар моҳҳои сарди зимистон, вақте ки дар Шаҳритус (мисли дигар ноҳияҳо) мушкилоти барқ ба вуҷуд меояд, ӯ маҷбур аст, ки зери кӯрпа гарм шавад ва танҳо барои тановули ғизо аз зери он хезад. Хӯрокро ӯ дар ҳавои кушод тайёр мекунад, зеро дигар ҷойе нест.

Гулноза Юлдошева 20 сол инҷониб нобиност ва имкон надорад, ки дар ягон ҷой кор кунад. Мушкилоти нобиноӣ дар ӯ аз тифлӣ пайдо шуда, дар 10-солагӣ аз 1 чашм ва дар 27 солагӣ аз чашми дуюмаш ҳам маҳрум шудааст.

Ба гуфтаи Гулноза, дар оила танҳо модараш нисбати ӯ ғамхор буд, ки дар синни 17-солагӣ ӯро ҳам аз даст додааст.

Шахсоне, ки ба Гулноза Юлдошева ёрӣ расонидан мехоҳанд, пулро метавонанд ба корти рақамҳои зерини “Спитамен бонк” фиристанд: 4607 6555 1801 5656.

Рақами телефони худи Гулноза чунин аст: +992 93 600 60 33.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.