Ҳалокати ду нафар дар пайи бархӯрди мошин ба идораи хонасозӣ дар Кӯлоб

Дар пайи бархӯрди ду мошин ва сарозер шудани яктои он ба бинои як ширкати хонафурӯшӣ дар шаҳри Кулоб ду нафар ба ҳалокат расида, 4 нафар дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса субҳи рӯзи 8-уми январ рух дод ва сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани […]

Asia-Plus

Дар пайи бархӯрди ду мошин ва сарозер шудани яктои он ба бинои як ширкати хонафурӯшӣ дар шаҳри Кулоб ду нафар ба ҳалокат расида, 4 нафар дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса субҳи рӯзи 8-уми январ рух дод ва сабаби ҳодиса “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани Амрохон Зоирови 20-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” мебошад.

Ӯ, ки аз самти кӯчаи Ш.Шоҳини Кӯлоб ба самти кӯчаи Ҳ.Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ Сиело”, таҳти идораи Кароматулло Абдураҳимови 35-сола бархӯрдааст.

Баъдан, автомашинаи “ДЭУ Сиело” ба нуқтаи фурӯши ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи чапи канори роҳ ҷойгир мебошад, зада даромадааст.

“Дар натиҷа, корманди нуқтаи фурӯши хонаҳо Кенҷаев Исмоил Кенҷаевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи автомашинаи “ДЭУ Сиело” Абдураҳимов К.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Инчунин, 3 мусофири автомашинаи тамғаи “ДЭУ Сиело”, ронандаи “Опел-Астра” ва мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Аз ҷароҳатбардоштагон ном бурда намешавад.

ВКд гуфта, ки оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар бораи ин ҳодиса Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар пайи бархӯрди як мошин ба идораи фурӯши хонаҳои “Корез” дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расиданд.

Навори ин садама дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр шуда буд.

Ин бори аввал нест, ки дар шаҳри Кӯлоб дар натҷиаи бархӯрди мошин ба хонаҳо ва ё биноҳо шаҳрвандон ба ҳалокат мерасанд.

Дар садамаи нақлиётии мудҳише, ки шоми 6-уми августи соли 2023 дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, 13 нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

Ҳамчунин, чанд хона ҳам зарар дида буд, ки аз ҳисоби ҳукумати вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб, ҲХДТ ва масоҷиди ҷомеъ бунёд ва чанд рӯз пеш ба соҳибонашон супорида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио