Ном ба ном. Ҷонбохтагон ва захмиёни садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб маълум шуд

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб, то ин лаҳза 10 нафар ҷон бохта, 13 нафар захмӣ шудаанд. Се нафар аз фавтидагон ба хок супорида шуда, ҷасади дигар ҷонбохтагон ба хонаводаҳояшон дода мешаванд. Аз 13 нафар захмӣ се нафар пас ташхису муоина ба хона рухсат дода шуда, ҳолати ду нафар аз маҷрӯҳон вазнин арзёбӣ мешавад. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Билоли Шамс, Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоб, то ин лаҳза 10 нафар ҷон бохта, 13 нафар захмӣ шудаанд. Се нафар аз фавтидагон ба хок супорида шуда, ҷасади дигар ҷонбохтагон ба хонаводаҳояшон дода мешаванд.

Аз 13 нафар захмӣ се нафар пас ташхису муоина ба хона рухсат дода шуда, ҳолати ду нафар аз маҷрӯҳон вазнин арзёбӣ мешавад.

“Ҳоло 5 нафар захмӣ дар шӯъбаи осебшиносӣ ва 5 нафари дигар дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Кӯлоб бистарӣ ҳастанд. Ҳолати ду маҷрӯҳе, ки дар шӯъбаи эҳё қарор доранд, вазнин аст”, – гуфт Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки фавтидагон – 6 нафар мард, 3 нафар зан ва 1 нафар ноболиғ мебошад.

Фавтидагон:

1. Бобоназарова Сайёра, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кӯлоб;

2. Сайфова Бебунисо, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Кӯлоб;

3. Эргашов Шӯҳратҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакӣ;

4. Абдуллоев Олимҷон, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Мӯъминобод;

5. Одинаева М., соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Кӯлоб;

6. Гулов Муболшо, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Кӯлоб;

7. Нирмадиев Шоҳрӯз, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб;

8. Каримов Фурқат, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Кӯлоб;

9. Розиқов Аминҷон, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб;

10. Ёров Абӯбакр, соли таваллудаш 2009, сокини шаҳри Кӯлоб.

Захмиён:

1. Ҷумаев Файзалӣ;

2. Ёров Сафаралӣ;

3. Бобохонов Алиҷон;

4. Сӯфиев Қурбон;

5. Мадинаи Ҷумахон;

6. Муминзода Шоҳрух;

7. Ахунов Суҳроб;

8. Ҳусейнов Ҳусейн;

9. Ҷӯраев Бахтиёр;

10. Фаридуни Ҷамолиддин;

11. Бакиров Хуршед;

12. Қурбонов Орзу;

13. Мирзоҳусейнов Толибҷон.

Дар ҳамин ҳол, Арафамоҳ Даминзода, муовини шаҳрдори Кӯлоб дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷонбохтагони шаҳри Кӯлоб сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, С.Вализода, Ҷаббор Расулов ва 1- уми май мебошанд.

Ин масъул гуфт, ки дар пайи ин садамаи нақлиётӣ 3 манзили истиқоматӣ комилан хароб гардиданд.

“3 нафар фавтидагон соҳибони хонаҳои истиқоматӣ мебошанд. Субҳи имрӯз ҷасади 3 нафар сокинони маҳаллаи 1-уми майро ба хонаводаҳояшон доданд ва онҳо ба хок суприда шуданд. Ҷасади дигар фавтидагон ҳам ба хонаводаҳояшон супорида мешаванд”, – гуфт муовини шаҳрдори Кӯлоб.

Ӯ афзуд, ки фавтидагон дар қабристонҳои Хӯҷағоиб ва Гулбоғи шаҳри Кӯлоб ба хок супорида мешаванд.

Арафамоҳ Даминзода таъкид кард, ки ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба бозмондагони ин се оилае, ки хонаҳояшон хароб шуданд, хонаи нав месозад, сару либос медиҳад ва кӯмаки якдафъаина мерасонад.

Ҳоло дар пайи ин ҳодиса Ситод таъсис дода шудааст ва хисороти он ҳисоб карда мешавад.

Бояд гуфт, ки шоми дирӯз, 6-уми август, ронандаи мошини боркаши “Дулан” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз мошинро идора карда натавониста ва дар натиҷа бо суръати баланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд.

Ронандаи дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Айни ҳол ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио