“Фурсати донистан”: Шартҳои иҷро намудани амалҳои иҷро кадомҳоянд?

  Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи шартҳои иҷро намудани амалҳои иҷроро ба баҳс кашиданд. Ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷрои маҷбурӣ дар кадом муҳлатҳо бояд […]

Asia-Plus

 

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи шартҳои иҷро намудани амалҳои иҷроро ба баҳс кашиданд.

Ҳуҷҷатҳои иҷро барои иҷрои маҷбурӣ дар кадом муҳлатҳо бояд ба иҷрочиёни Хадамоти иҷро пешниҳод карда шаванд?

Дар моддаи 13 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро пешбинӣ шудааст. Ҳуҷҷати иҷро барои иҷрои маҷбурӣ дар муҳлати зерин пешниҳод карда мешавад:

  • варақаи иҷро, ки дар асоси санади судӣ ва фармони судӣ дода шудааст – дар давоми се сол;

  • навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ – дар давоми се сол;

  • варақаи иҷрое, ки дар асоси ҳалномаи суди ҳакамӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст – дар давоми се сол;

  • варақаи иҷро, ки дар асоси ҳалномаи суди давлати хориҷӣ ва суди ҳакамии хориҷӣ (арбитраж) дода шудааст – дар давоми се сол;

  • қарори суд, мақомоте (шахсони мансабдоре), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдор мебошанд – дар давоми шаш моҳ.

Дар ҳолатҳои зерин муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро канда мешавад:

  • бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро барои иҷро;

  • аз ҷониби қарздор қисман иҷро намудани ҳуҷҷати иҷро.

Пас аз канда шудани муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро давомияти вақт аз нав оғоз мегардад. Вақти гузашта то кандашавии муҳлат ба муҳлати нав ҳисоб карда намешавад.

Дар мавриди ба ситонанда баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бинобар сабаби пурра ё қисман ғайриимкон будани иҷрои он, муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро пас аз кандашавӣ, аз рӯзи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда ҳисоб карда мешавад.

 

Мувофиқи қонун, амалҳои иҷро дар кадом маҳал гузаронида мешаванд, дар ҷойи истиқомати ситонанда ё дар ҷойи истиқомати қарздор?

Дар моддаи 16 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пешбинӣ гардидааст, ки агар қарздор шахси воқеӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки вай гузаронида мешаванд.

Агар қарздор шахси ҳуқуқӣ бошад, пас амалҳои иҷро аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки он гузаронида мешаванд.

Агар дар ҷараёни иҷрои ҳуҷҷати иҷро тағйироте дар маҳалли истиқомати қарздор, ҷойи кор ва маҳалли ҷойгиршавии ӯ ба миён ояд ва ё муайян гардад, ки молу мулки қарздор, ки метавонад ситонида шавад, дар маҳалли ҷойгиршавиаш мавҷуд нест, иҷрочии мақомоти иҷро фавран дар ин бора санад тартиб дода, на дертар аз як рӯз ҳуҷҷати иҷроро бо нусхаи ин ҳуҷҷат ба иҷрочии мақомоти иҷрои маҳалли нави истиқомати қарздор, ҷойи кори вай, маҳалли ҷойгиршавӣ ё маҳалли нави ҷойгиршавии молу мулки қарздор ирсол менамояд. Ҳамзамон, иҷрочии мақомоти иҷро дар ин бора ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, хабар медиҳад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.