Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ба маблағи қариб 119 млн доллар қарордод ба имзо расониданд

Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон созишнома ва қарордодҳое ба имзо расониданд, ки ба рушди бахшҳои истеҳсолӣ ва коркард дар Тоҷикистон равона мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҶТ. Имзои санадҳои ҳамкорӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Эрон ба имзо расиданд. Маблағи умумии санадҳои имзошуда […]

Asia-Plus

Соҳибкорони Тоҷикистону Эрон созишнома ва қарордодҳое ба имзо расониданд, ки ба рушди бахшҳои истеҳсолӣ ва коркард дар Тоҷикистон равона мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҶТ.

Имзои санадҳои ҳамкорӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Эрон ба имзо расиданд.

Маблағи умумии санадҳои имзошуда зиёда аз 1,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 119 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Санадҳои имзошуда густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, маводи доруворӣ ва ғайра дар бар мегиранд.

“Ҳамкориҳо аз рӯи талаботи бозори имрӯзаи минтақавию ҷаҳонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ба шарикон аз Эрон мавриди амал қарор мегиранд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари дурӯзаи Рустами Эмомалӣ ба Эрон дар маҷмӯъ 15 санади нав оид ба ҳамкории байнипарламентӣ, ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳамкории тиҷоратию истеҳсолӣ ба имзо расид.

Дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ бо президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ ва дигар шахсони воломақоми ин кишвар дидору гуфтушунидҳо анҷом дод.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон зиёда аз 216 млн долларро ташкил додааст, ки 4% зиёдтар нисбат ба соли пешин (с.2022) аст.

Қобили зикр аст, ки қаблан моҳи ноябри соли 2023 зимни сафари президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ба Душанбе 19 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла нақшаи ҳамкорӣ то соли 2030 ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио