Ду рӯз баъд аз суханони вазири Туркия, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар Ботканд мулоқот карданд

Имрӯз, 12-уми январ, дар вилояти Ботканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии кишварҳо – Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо такя ба КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. […]

Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми январ, дар вилояти Ботканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии кишварҳо – Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, баргузор гардид.

Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо такя ба КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

“Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонидани гуфтушунидҳои гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматиҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас доданд”, – менависад манбаъ.

Аз ҷараёни мулоқот маълумоти бештар манзур нагардида, танҳо зикр шудааст, ки он “дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд”.

Бояд гуфт, ин мулоқоти аввали Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар соли нави 2024 ва ду рӯз баъд аз суханони Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия оид ба имзои созишнома дар бораи сарҳад, аст.

Ҳакан Фидан 10-уми январи соли 2024 пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин изҳороти вазири корҳои хориҷии Туркияро шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки дар охирин мулоқоти худ, санаи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди санаи имзои созишнома чизе гуфта нашуд.

Пештар аз ин, рӯзи 11-уми декабри соли 2023, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишнома оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 980 километр аст. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.

Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио