Ба дастаи футболи “Хатлон” номи таърихиаш баргардонида шуд

Бо қарори раиси шаҳри Бохтар ба дастаи футболи “Хатлон” номи таърихиаш – “Вахш” баргардонида шуд. Дастаи “Вахш” яке аз тимҳои собиқадори вилояти Хатлон шуморида шуда, соли 1960 таъсис дода шудааст. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) таҳти номи “Пахтакор” дар лигаи дуюм бозӣ мекард. Дар чемпионатҳои Тоҷикистон “Вахш” 3 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуда, дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Бохтар ба дастаи футболи “Хатлон” номи таърихиаш – “Вахш” баргардонида шуд.

Дастаи “Вахш” яке аз тимҳои собиқадори вилояти Хатлон шуморида шуда, соли 1960 таъсис дода шудааст. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) таҳти номи “Пахтакор” дар лигаи дуюм бозӣ мекард. Дар чемпионатҳои Тоҷикистон “Вахш” 3 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуда, дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё бозӣ кардааст.

Соли 2018 дар ҷараёни ислоҳи сохтори ташкилии даста аз ташкилоти ҷамъиятӣ ба муассисаи давлатӣ раҳбарияти даста номи дастаро ба “Хатлон” иваз кард.

Бо гузашти 6 сол номи даста барқарор шуда, рамзи нави даста дар рӯзҳои наздик муаррифӣ мешавад.

Дар мавсими соли 2023 “Хатлон” пеш аз муҳлат тамоми имконоти боқӣ мондан дар Лигаи олиро аз даст дода, имсол дар Лигаи якум бозӣ мекунад. Пеш аз ин Аслиддин Ҳабибуллоев аз вазифаи сармураббигӣ истеъфо дод.

Ӯ аз соли 2020 ба ҳайси сармураббӣ кор карда, бо ин даста то финали Ҷоми Тоҷикистон расид. Соли 2022 Ҳабибуллоев бо “Хатлон” ба дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ноил гардида, дар чемпионат зинаи 4-умро ишғол кард.

Иҷрокунандаи вазифаи сармурабии дастаи вилояти Хатлон Меҳроб Заурбеков ва ёвари ӯ – Камолҷон Ортиқов таъин шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио