Тахриби майдони “Танк” дар Душанбе оғоз шуд

Дар Душанбе корҳои тахриби иншооти Майдони Ғалаба ё миёни мардум маъруф бо номи “Танк” оғоз шуд. Коргарони машғул ба ин корҳо ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтанд, дастур гирифтаанд, ки пояҳо (стелла) ва муҷассамаи танкро ба Боғи Галабаи пойтахт кӯчонанд. Қаблан маълум шуда буд, ки дар ҷойи ин майдон сохтмони эстакадаи дусатҳа ба нақша гирифта шудааст. Дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Душанбе корҳои тахриби иншооти Майдони Ғалаба ё миёни мардум маъруф бо номи “Танк” оғоз шуд.

Коргарони машғул ба ин корҳо ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтанд, дастур гирифтаанд, ки пояҳо (стелла) ва муҷассамаи танкро ба Боғи Галабаи пойтахт кӯчонанд.

Қаблан маълум шуда буд, ки дар ҷойи ин майдон сохтмони эстакадаи дусатҳа ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин лоиҳа пайвастшавии кӯчаҳои Шевченко ва Назаршоев, инчунин хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Айнӣ дар назар аст, ки ба ақидаи муаллифони лоиҳа, зерсохтори нақлиётии шаҳрро беҳтар мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дарёфти маълумот дар бораи ҷузъиёти муҳлати кӯчонидани иншооти майдон ва оғози сохтмони эстакада аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Душанбе муяссар нашуд.

Қобили зикр аст, ки дар майдони Ғалаба барои ҳамаи сокинони Душанбе ёдгории муҳим – танки маъруфи ИС-2 (Иосиф Сталин) ҷойгир аст, ки дар амалиёти ҳарбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст.

Дар сурати бунёди эстакада ҳамаи иншооти наздик – биноҳои истиқоматӣ, Майдони “Ғалаба” ва “Танки ИС-2 (Иосиф Сталин)”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба – 9 май соли 1987 дар пойтахт, ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ қомат афрохта буд, тахриб мешаванд.

Дар маводи зерини “Азия-Плюс” дар бораи таъсири эстакадаҳо ба ҳалли мушкилоти танбашавӣ дар роҳҳои Душанбе маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.