Се духтару як писар. Дар Душанбе чоргоник ба дунё омад

Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дирӯз, 25-уми январ, чоргоник таваллуд шудааст. Ин дуюмин ҳолати таваллуди чоргоник дар Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ аст. Чоргоники аввал ду ҳафта қабл дар шаҳри Бохтар ба дунё омада буд. Хабари тавалуди чоргоники навбатӣ дар кишварро дар беморхонаи “Итиқлол” тасдиқ намуданд, вале аз додани маълумоти бештар худдорӣ карданд.  Аммо […]

Asia-Plus

Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дирӯз, 25-уми январ, чоргоник таваллуд шудааст. Ин дуюмин ҳолати таваллуди чоргоник дар Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ аст. Чоргоники аввал ду ҳафта қабл дар шаҳри Бохтар ба дунё омада буд.

Хабари тавалуди чоргоники навбатӣ дар кишварро дар беморхонаи “Итиқлол” тасдиқ намуданд, вале аз додани маълумоти бештар худдорӣ карданд. 

Аммо дар шабакаи иҷтимоии фейсбук хабар медиҳанд, ки чоргоникҳо се духтар ва як писар мебошанд.

Кӯдакон тариқи ҷарроҳӣ ба дунё омада, вазни онҳо аз 1,8 кг то 2,2 кг мебошад.

Ёдовар мешавем, ки чоргоники авввал дар соли ҷорӣ 14-уми январ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба дунё омад. Ба “Азия-Плюс” аз беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон хабар доданд чоргоникҳо ду писару ду духтар таваллуд шудаанд, ки вазни онҳо аз 1,6 кг то 1,7 кг будааст.

Модари кӯдакон Миҷгона Асоева, сокини деҳаи Қизилқалъа, пеш аз таваллуди чоргоник як фарзанд ба дунё овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио