Дар Тоҷикистон болоравии тарифҳо ба оби нӯшокӣ дар назар аст

Дар Тоҷикистон масъалаи болоравии тарифҳо ба хадамоти коммуналӣ ва таъминот бо об мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (КВД ХМК) хабар дода шуд. “Дар шароите, ки тарифҳо ба неруи барқро якчанд маротиба боло бурданд, нархҳо ба хадамоти ХМК поинтар аз арзиши аслиашон қарор доранд”, – зикр […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон масъалаи болоравии тарифҳо ба хадамоти коммуналӣ ва таъминот бо об мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (КВД ХМК) хабар дода шуд.

“Дар шароите, ки тарифҳо ба неруи барқро якчанд маротиба боло бурданд, нархҳо ба хадамоти ХМК поинтар аз арзиши аслиашон қарор доранд”, – зикр карданд дар корхона“.

Ба иттилои КВД ХМК, айни замон Хадамоти зиддиинҳисорӣ масъалаи болоравии арзиши обро баррасӣ дорад.

Хадамоти коммуналӣ 15-20% боло бурдани тарифҳоро пешниҳод мекунанд. Аммо дар бораи кай тасдиқ ва эълон шудани тарифҳои нав маълумоти мушаххас нест.

Дар ҳоли ҳозир маълумот дар бораи нархҳо ба хадамоти коммуналӣ аз сомонаи расмии ХМК гирифта шудааст.

Алҳол тарифҳо ба баровардани партов ва таъминот бо об бетағйир боқӣ мондаанд. Ахиран онҳо соли 2015 (барои баровардани партовҳои сахти маишӣ) ва соли 2018 (барои оби нӯшокӣ ва обу корез) тағйир ёфта буданд.

Айни замон тарифҳо ба 1 метри мукааб барои аҳолӣ 1,09 сомонӣ, барои ташкилотҳои буҷетӣ – 2,02 сомонӣ, барои корхонаҳои тиҷоратӣ – 3,48 сомониро ташкил медиҳад. Барои хидматрасониҳои обу корез барои 1 метри мукааб аҳолӣ 0,55 сомонӣ, ташкилотҳои буҷетӣ – 1,09 сомонӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ – 1,88 сомонӣ пардохт мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Файзобод, Роғун ва Норак тарифҳои худашон амал мекунанд, зеро низоми коммуналии ин шаҳрҳо ба низоми хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ дохил нестанд.

Директори генералии КВД ХМК Тоҷикистон Усмон Давлатзода хабар дод, ки дар соли 2023-ум 66%-и аҳолии ҷумҳурӣ ба таъминот бо об дар шакли мутамарказ дастрасӣ доштанд, ки 6,3% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Теъдоди аҳолие, ки ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд, ба 6 млн 741 ҳазору 676 нафар расида, дар муқоиса бо соли гузашта 1 млн 618 ҳазор нафар зиёд аст.

Об барои обёрӣ аллакай қимат шуд?

Соли 2021 Барномаи нави давлатии рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ қабул шуд, ки то соли 2024 пешбинӣ шудааст.

Тӯли солҳои татбиқи барномаи давлатии пешина (то соли 2021) ва кунунӣ ба туфайли ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои байнулмилалии молиявӣ фоизи аҳолие, ки ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ дорад, аз 43% то 65,8% зиёд шуд.

Ҳукумат ният дорад, ки то соли 2030 ин нишондиҳандаро то 100% расонад. Бо ин мақсад дар як қатор шаҳру навоҳӣ лоиҳаҳои барқарор сохтани низоми таъминот бо об мавриди амалишавӣ қарор доранд. Лоиҳаҳо аз ҷониби ҳукумат, ташкилотҳои байнулмилалӣ ва хусусӣ маблағгузорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, агар масъалаи боло бурдани тарифҳо ба оби нӯшокӣ мавриди баррасӣ қарор дошта бошад, пас нархҳо барои хидматрасонии таъмини хоҷагиҳо бо оби обёрӣ 1,5 баробар боло рафтанд. Дар ин бора Спутник Таджикистан бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

“Азия-Плюс” ҳоло дар бораи то чӣ андоза боло рафтани тарифҳо ба оби обёрӣ дар саросари ҷумҳурӣ маълумот дар даст надорад. Ин маълумотро ба наздикӣ бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон эълон кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.