Корхонаи тиллои “Зарафшон” ба мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол 2 млн сомонӣ дод

Корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин – “Зарафшон”  ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ 2 млн сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин корхона гуфтааст, ки дар сурати роҳ ёфтани мунтахаби миллӣ ба даври нимниҳоӣ (1/2) – 3 млн сомонӣ, барои роҳ ёфтан ба […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин – “Зарафшон”  ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ 2 млн сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин корхона гуфтааст, ки дар сурати роҳ ёфтани мунтахаби миллӣ ба даври нимниҳоӣ (1/2) – 3 млн сомонӣ, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ (финал) – 5 млн сомонӣ ва барои соҳиб гардидани Ҷоми Осиё оид ба футбол – 8 млн сомонӣ тақдим хоҳад кард.

Ҳамин тавр, дар умум, дар сурати пирӯзии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё ин корхона 18 миллион сомонӣ тӯҳфа хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон Президенти ФФТ барои футболбозони тими миллии кишвар 450 ҳазор доллар ҷудо кард.

Рустами Эмомалӣ барои баромад аз гуруҳ 300 ҳазор доллар ва барои пирӯзӣ бар Лубнон ва роҳ ёфтан ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ 150 ҳазор доллари дигар дод.

Ҳамчунин, ба тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё Федератсияи футболи қора низ 200 ҳазор доллар медиҳад.

Ҳамакнун, агар футболбозони тоҷик бар тими Урдун ғалаба карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбанд, Рустами Эмомалӣ боз 200 ҳазор доллар ва Федератсияи футболи Осиё 1 млн доллар тақдим мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.