Дар Бохтар ронандаи таксиро куштанд. Гумонбар боздошт шуд

Date:

Дар шаҳри Бохтар марди 35-солаи гумонбар ба куштани таксирони 28-сола боздошт шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД ддар вилояти Хатлон хабар медиҳад. Ронадаи таксӣ бо истифода аз олоти буранда кушта шуда, ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шабона Рустамҷон Расуловро ба сифати гумонбар боздошт карданд. Ӯ зода ва сокини ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аст”, – гуфта мешавад дар хабари рӯзи 4 феврал нашршуда дар саҳифаи Раёсат дар Facebook.

Гуфта мешавад, айни замон гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, кормандони прокуратураи вилояти Хатлон онро тафтиш мекунанд.

Дар хабари Раёсат аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса хабар дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки ахиран ин ҳодисаи дуюми ҳамла ба таксиронҳо дар ҷумҳурӣ аст.

Аллакай 20 рӯз инҷониб мақомоти милитсияи Душанбе мардеро ҷустуҷӯ дорад, ки ронандаи таксиро бо панҷ зарби корд захмӣ карда буд.

Таксирони 23-солаи ширкати “Як Таксӣ” Зиёвиддин Беков рӯзи 15 январ дар маҳаллаи “Яккачинор”-и пойтахт вақте аз мусофир пардохти маблағи роҳкироро талаб кард, мавриди ҳамла қарор гирифт.

Айни замон вазъи солимии Зиёвиддин хеле бад арзёбӣ шуда, барои табобати ӯ маблағи зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, оилаи таксирон имкони фурӯши хонаашонро баррасӣ доранд, то ки ӯро муолиҷа кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...