Дар Бохтар ронандаи таксиро куштанд. Гумонбар боздошт шуд

Дар шаҳри Бохтар марди 35-солаи гумонбар ба куштани таксирони 28-сола боздошт шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД ддар вилояти Хатлон хабар медиҳад. Ронадаи таксӣ бо истифода аз олоти буранда кушта шуда, ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. “Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шабона Рустамҷон Расуловро ба сифати гумонбар боздошт карданд. Ӯ зода ва сокини […]

Дар шаҳри Бохтар марди 35-солаи гумонбар ба куштани таксирони 28-сола боздошт шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД ддар вилояти Хатлон хабар медиҳад. Ронадаи таксӣ бо истифода аз олоти буранда кушта шуда, ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия шабона Рустамҷон Расуловро ба сифати гумонбар боздошт карданд. Ӯ зода ва сокини ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён аст”, – гуфта мешавад дар хабари рӯзи 4 феврал нашршуда дар саҳифаи Раёсат дар Facebook.

Гуфта мешавад, айни замон гумонбар дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, кормандони прокуратураи вилояти Хатлон онро тафтиш мекунанд.

Дар хабари Раёсат аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса хабар дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки ахиран ин ҳодисаи дуюми ҳамла ба таксиронҳо дар ҷумҳурӣ аст.

Аллакай 20 рӯз инҷониб мақомоти милитсияи Душанбе мардеро ҷустуҷӯ дорад, ки ронандаи таксиро бо панҷ зарби корд захмӣ карда буд.

Таксирони 23-солаи ширкати “Як Таксӣ” Зиёвиддин Беков рӯзи 15 январ дар маҳаллаи “Яккачинор”-и пойтахт вақте аз мусофир пардохти маблағи роҳкироро талаб кард, мавриди ҳамла қарор гирифт.

Айни замон вазъи солимии Зиёвиддин хеле бад арзёбӣ шуда, барои табобати ӯ маблағи зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, оилаи таксирон имкони фурӯши хонаашонро баррасӣ доранд, то ки ӯро муолиҷа кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.