То 35-солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон зиёда аз 28 ҳазор иншоот сохта мешавад

Бар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35-солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба сурати умум бунёди 28 348 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода изҳор намуд, ки то ин дам 10 071 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, 7 946 иншоот сохта мешавад ва бунёди боз 10 367 […]

Asia-Plus

Бар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 35-солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба сурати умум бунёди 28 348 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода изҳор намуд, ки то ин дам 10 071 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, 7 946 иншоот сохта мешавад ва бунёди боз 10 367 иншоот ҳоло оғоз нашудааст.

Раиси Кумита хабар дод, ки соли 2023 дар ҷумҳурӣ 1 млн 737 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 2,1% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Ба маблағи 17 млрд 958 млн 70 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону насб иҷро шудааст, ки 27,7% зиёдтар дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2022 аст.

Ҳамчунин соли гузашта аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо ба сохтмони асосии бахши сохтмон 19 млрд 859 млн сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки 22,5% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Мирзозода ҳамчунин зикр кард, ки соли 2023 аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ оид ба лоиҳакашӣ ба маблағи 37 млн 283 ҳазору 681 сомонӣ корҳои таҳқиқотӣ иҷро шудаанд, ки 104,2% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, зикр шуд, ки соли 2023 маоши ҳар кадоме аз кормандон 2014,86 сомониро ташкил дод, ки 110,3% нисбат ба соли пешин мебошад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита таъмини шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои тарҳрезии ҷузъӣ мебошад. Дар ин робита, айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар пурра бо Нақшаҳои генералӣ таъмин шудаанд.

Низом Мирзозода изҳор намуд, ки бисёре аз мушкилот дар соҳа ба “бесаводии шахсони тасодуфӣ дар ин соҳа” вобаста аст.

“Аксарият бар асари бесаводӣ ҳангоми иҷрои корҳо ё нархгузории сохтмон ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, – зикр кард ӯ. –  Аммо минбаъд шахсони бесавод ё тасодуфӣ бидуни дониш ва таҷрибаи махсус ба соҳаи сохтмон роҳ дода намешаванд. Аз лиҳози интихоби кадрҳо тартибу интизом роҳандозӣ мешавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.