Дар Тоҷикистон 3 корманди ВКД ва 1 корманди Қӯшунҳои сарҳадӣ барои нашъаҷаллобӣ боздошт шуданд

Дар соли 2023 ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 4 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон боздошт шуданд. Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 5 феврал зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар дода шуд. "Аз инҳо се тан кормандони ВКД ҳастанд, […]

Радиои Озодӣ

Дар соли 2023 ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 4 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон боздошт шуданд. Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 5 феврал зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар дода шуд.

"Аз инҳо се тан кормандони ВКД ҳастанд, – изҳор доштааст намояндаи Агентӣ Муқбилшо Муяссар. – Ду корманди сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон, як тан дар ВМКБ. Як нафари дигар корманди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон аст".

Ному насаби боздоштшудаҳо оварда нашуда, ҳамчунин мавқеи онҳо ва ё наздиконашон низ ба қазия маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Агентӣ тасдиқ кардаанд, ки се корманди онҳо дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми фасод аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шудаанд.

Сардори Раёсати тафтишотии Агентӣ полковник Камолиддинзода, дар нишасти хабарӣ гуфт, ин кормандон айни ҳол дар маҳбасанд, вале тафсилот надодааст.

Хабари боздошти се корманди Агентӣ дар ҳоле тасдиқ карда мешавад, ки дар пайи як нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон президент аз кори мақомоти қудратӣ дар вилояти Хатлон сахт нигаронӣ карда, бисёре аз онҳоро аз мансаб барканор кард.

Хадамоти матбуоти президент гузориш дод, ки дар баробари барканор кардани раҳбарони вилоятии мақомоти қудратӣ, ҳамчунин “сардорони якчанд Раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд”.

Директори Агентӣ Самад Зафар танқидҳо ва даст доштани кормандони ниҳоди зери раҳбарияшро дар қонуншиканиҳо пазируфта, гуфт “дар ҳақиқат камбудиҳо ҳаст, якҷоя бо тамоми кормандон кӯшиш мекунем, камбудиҳоеро, ки дар соли 2023 буданд, бартараф кунем”.

Аммо Самад Зафар дар мавриди “камбудҳои соли 2023” тафсилоти бештар надод.

Ба суоли Радиои Озодӣ, дар бораи сару садоҳои расонаҳои хориҷӣ дар мавриди даст доштани наздикони мансабдорони воломақоми Тоҷикистон ба муомилот ва тиҷорати маводи мухаддир, посух доданд, ки “мо сарусадоҳои бедалелро арзёбӣ намекунем”.

Муқбилшо Муяссар гуфтааст, “ончи онҳо қайд мекунанд, ягон далел надоранд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон шахс баъд аз ҳукми Суд айбдор дониста мешавад. Дар бораи ин гуна масъалаҳо ягон чи гуфтанӣ ҳам надорему ҳуқуқи баҳодиҳӣ ва дигару дигарро низ надорем”.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар поёни солҳои 90-ум ва дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ барои пешгирӣ аз вуруди маводи мухаддир аз Афғонистони зери ҳокимияти «Толибон» таъсис шуд. Онро то соли 2022 СММ сармоягузорӣ мекард. Аз соли 2023 ба ин сӯ, ин ниҳод аз буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.