Ҳалокати 3 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ дар садамаи нақлиёт

Date:

Дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари садамаи нақлиёт 3 нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора дар сомонаи ВКД-и ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.

“Нимаи дуюми рӯзи 5 феврал ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Ғолибҷон Тағоймуродови 29-сола ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба девори ҳимоявии канори роҳ бармехӯрад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда ва се мусофир ҳамсоли ӯ – Шерхон Тешаев, Маҳмадраҷаб Чориев, Нуралӣ Тағойбеков, инчунин Абдукарим Тешаеви 21-сола бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, баъдан дар бемористон ронанда ва ду мусофири он – Шерхон Тешаев ва Маҳмадраҷаб Чориев ба ҳалокат мерасанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...