Ҷаримаи волидони хонандагон барои табрики “шӯхиомез”-и ҳамсинфашон

Дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ҳодисае, ки дар он хонандагон ҳамсинфашонро ба таври ғайриодӣ табрик мекунанд, ба ҷазои волидон ва омӯзгор боис гардид. Тавре ки Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, санҷиш пас аз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудани наворе, ки дар он хонандагони синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №127 дар вақти танаффус, […]

Asia-Plus

Дар яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ҳодисае, ки дар он хонандагон ҳамсинфашонро ба таври ғайриодӣ табрик мекунанд, ба ҷазои волидон ва омӯзгор боис гардид.

Тавре ки Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, санҷиш пас аз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудани наворе, ки дар он хонандагони синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №127 дар вақти танаффус, дар дохили синфхона ба таври шӯхиомез бо истифода аз «скотч» даҳони ҳамсинфашонро маҳкам намуда, ӯро бо зодрӯзаш табрик мекунанд, сурат гирифт.

Ин навори аз ҷониби хонандагон нашршуда боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати омӯзгори масъул ва волидайни 6-нафар хонандагон тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ин модда огоҳӣ ё ҷарима дар ҳаҷми аз 3 то 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қаблан низ барои табрики “ғайриодӣ”-и ҳамсинф волидони хонандагон муҷозот шуда буданд. Соли 2022 якчанд хонандагон барои табрики зодрӯз дар сари духтаре тухм шикаста буданд. Волидони “қаҳрамонон”-и навор – хонадагони синфҳои 8 ва 10-и яке аз мактабҳои пойтахт ҷазои маъмурӣ гирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио