Марги се нафар дар садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се нафар ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон садама дар километри 123,8 – уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст. Бино ба иттилоъи наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон, ронандаи мошини тамғаи Toyota Corolla, сокини 25-солаи шаҳри Конибодом, […]

Asia-Plus

Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се нафар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон садама дар километри 123,8 – уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

Бино ба иттилоъи наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон, ронандаи мошини тамғаи Toyota Corolla, сокини 25-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд, идораи мошинро аз даст дода, ба дарёи Фон сарозер шудааст.

“Ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагон аз дарё ҷасади фавтидагонро берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – менависад КҲФ.

Ин ниҳод аз ронандагон хостааст, ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва дар роҳ тамоми қоидаҳо ва суръати ҳаракатро риоя кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.