Дар Душанбе ба зилзила тобоварии биноро санҷиданд. Тобовар аст?

Date:

Мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иқтидори борбардории сутунҳоро дар бинои маҷмааи истиқоматии «Чорсу Плаза», ки сохтмонаш ҷараён дорад, мавриди озмоиш қарор доданд. Ин усули озмоишӣ дар пайи заминларзаи соли 2023 дар Туркия ва Сурия таҳия шудааст, ки хисороти ҷиддӣ ва талафоти ҷонӣ ба бор оварда буд.

Санҷишҳо аз ҷониби лабораторияи махсуси озмоиши сутунҳои таҳкурсии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гузаронида шуданд.

Санҷишҳо бо истифода аз домкратҳои гидравликӣ гузаронида шуданд, ки фишорро ба сутунҳои такягоҳӣ тадриҷан зиёд мекард. Дар баробари ин, маълумот дар бораи ҷойгирӣ ва тағйири шакли сутунҳо сабт шуда, инчунин онҳо бо нишондиҳандаҳои ҳисобшуда муқоиса карда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо ин роҳ муайян кардан мумкин буд, ки сутунҳои интихобшуда то чӣ андоза барои лоиҳаи мазкур мувофиқанд ва борбардории ҳадди ниҳоии онҳо чӣ қадар аст.

Ба рӯзноманигорон имкон дода шуд, ки рафти санҷишҳоро мушоҳида кунанд ва ба мутахассисон саволҳо диҳанд.

Аз рӯи натиҷаҳои озмоиш маҷмаае, ки сохта мешавад (паймонкор – ширкати сохтмони “Бинокорон”) чунон ки маълум шуд, ба заминҷунбии то 9 балл тобовар аст, ки ин ба бехатарӣ ва эътимоднокии он кафолат медиҳад. Ба ҳар ҳол, мутахассисони Кумита чунин изҳори назар карданд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Озмоишгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон сутунҳоро барои лоиҳаҳои гуногуни сохтмонӣ месанҷад ва барои интихоби беҳтарину қавитарини андоза, навъ ва тарҳи сутунҳои такягоҳ кумак мекунад. Ин барои бунёди таҳкурсии устувору қавӣ, ки дар зери таъсири зилзила вайрон нашавад, муҳим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...