Соли равон ба 110 ҳазор оилаи камбизоат 600 сомонӣ медиҳанд

Соли равон ба 110 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон 600 сомонӣ ҳамчун кумаки якдафъаина дода мешавад. Дар ин бора Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамоише дар вазорат, ки ба муаррифии барномаи  давлатии расонидани Кумакҳои унвонии  иҷтимоӣ то соли 2030 бахшида шуда буд, хабар дод. Ӯ гуфт, маблағи умумӣ аз ҷониби […]

Asia-Plus

Соли равон ба 110 ҳазор оилаи камбизоати Тоҷикистон 600 сомонӣ ҳамчун кумаки якдафъаина дода мешавад. Дар ин бора Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамоише дар вазорат, ки ба муаррифии барномаи  давлатии расонидани Кумакҳои унвонии  иҷтимоӣ то соли 2030 бахшида шуда буд, хабар дод.

Ӯ гуфт, маблағи умумӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун кӯмак барои ниёзмандон ҷудо шуда, ҳаҷми умумии он 6 млн доллар ё беш аз 60 млн сомонӣ аст.

Муовини вазир афзуд, ин кумак ба камбизоатоне дода мешавад, ки дар оила 3 кӯдаки ноболиғ, 2 маъюб ва ё як пиронсоли аз 65-сола боло доранд.

“Яъне он ба ҳамаи оилаҳои камбизоат, ки ҳоло беш аз 230 ҳазорро ташкил медиҳад, дода намешавад. Танҳо ба қисми осебпазир, ки ба се категорияи мавҷуда ҷавобгӯянд, дода мешавад”, – гуфт Шодихон Ҷамшед.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин, нафароне ки соли гузашта бо қарори ҳукумати кишвар 600 сомонӣ кумакпули якдафъаина гирифтанд, наметавонанд кумаки якдафъаинаи навбатиро гиранд.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ гуфтанд, ҳоло ин маблағ аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо нашудааст ва бо шуруъи ин раванд шаҳрвандон ба таври алоҳида огоҳ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки қаблан, дар замони бемории ҳамагири Covid-19, низ Бонки ҷаҳонӣ ба 165 ҳазор хонаводаҳои камбизоати Тоҷикистон 500 сомонӣ кумакпулӣ дода буд ва ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 82,5 млн. сомониро ташкил намуд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ба 209 ҳазору 547 оила эҳтиёҷманди кишвар 600 сомонӣ кумаки молиявии яквақта пардохт шуда буд. Маблағи умумӣ 285 млн сомониро ташкил намуд.

Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар паёмаш ба Маҷлиси олии Тоҷикистон дар соли 2022 таъкид карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.