Тағйироти кадрӣ. Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири мудофиа ва фармондеҳони Қувваҳои мусаллаҳро иваз кард

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои мусаллаҳ як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, чор муовини вазири мудофиа, фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ ва муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ иваз шуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, бо қарорҳои […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои мусаллаҳ як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла, чор муовини вазири мудофиа, фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ ва муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ иваз шуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Сафарзода – муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Одил Носирзода – муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Музаффар Раҳимзода – муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Бобоҷон Саидзода – муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ таъйин гардиданд.

Инчунин, Абдусаттор Шоҳиён сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Сафарализода Раҳмоналӣ таъйин гардид.

Ҳамин тавр,  Шамсиддин Собирзода – фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ ва Дилшод Тоирзода – муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъйин карда шудаанд.

Ҳамчунин, ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, сардорони як қатор раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар якчанд кишвари хориҷӣ кадрҳои нав таъйин гардиданд.

Имрӯз кадрҳои навтаъйинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт ва онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки хидматчиёни ҳарбӣ ва ба хусус ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳ низ бояд ба омӯзиши амиқи ду забони хориҷӣ баробари забони модарӣ ва аз худ кардани техникаю таҷҳизот ва технологияи муосири ҳарбию иттилоотӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.